Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар Тоҷикистон


Акс аз Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон
Акс аз Рӯзи дави миллӣ дар Тоҷикистон

Барномаи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба Рӯзи варзишгарон бахшида шудааст.

Рӯзи варзишгарон ҳамасола бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 10-уми август таҷлил мегардад. Бахшида ба иди касбии кормандони соҳа аз 8-ум то 10-уми август дар саросари кишвар мусобиқот дар риштаҳои мухталиф баргузор мешавад.

Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, ду медали олимпӣ дар Пекин бузургтарин дастоварди варзиши тоҷик дар тӯли як соли ахир, яъне аз иди гузашта то иди имсолаи варзишгарон мебошад. Ҷаноби Неъматов афзуд, соли равон дар ҷумҳурӣ мусобиқоти оммавии варзишӣ, монанди Дави миллӣ ва Рӯзи олимпӣ дар сатҳи баланд доир гардиданд. Инчунин имсол дар Рӯзи ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд муҷтамаъи бузурги варзишӣ ба истифода дода шуд.

Вале, ба гуфтаи коршиносони соҳа, дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани иншооти замонавӣ , либосу лавозимоти варзишӣ, кадрҳои баландихтисоси соҳа ва маблағгузории нокофӣ ҷой доранд.

Дар ин барнома таманниёти бархе аз кормандони соҳа ба муносибати Рӯзи варзишгарон ба шунавандагон пешкаш мешавад.

Мардум ба варзиш ва тарбияти бадан чӣ назар доранд? Дар ин бора одамони касбу кор ва синни мухталиф ибрози назар мекунанд.

Меҳмони барнома профессор Анвар Бобоҷонов, коршиноси соҳа, дар бораи вазъи кунунии варзиш, минҷумла варзиши ҳирфаӣ дар кишвар, андешаҳои худро баён месозад.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG