Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Сӯҳроби гурзандоз дар Италия


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз муштзани кӯҳпайкар Меҳроҷиддин Каримов ва нишони нуқраи гурзандоз Сӯҳроб Хоҷаев дар Италия нақл мекунем.

Дар ин барнома нахуст шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон ошно месозем:

Универсиадаи 25-уми тобистонаи ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Белгради Сербия бо ширкати беш аз 6000 варзишгари донишҷӯ аз 145 кишвари ҷаҳон баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Русия ба анҷом расид. Варзишгарони Русия аз ҳама бештар – 76 медал, аз ҷумла 27 медали тилло, 22 нуқра ва 27 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои аввалро касб карданд. Мунтахаби Чин, ки ҳамагӣ 58 медал, минҷумла 22 –тилло, 21 – нуқра ва 15 – биринҷӣ гирифт, соҳиби ҷои дуввум шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 47 медал -21-тилло, 11-нуқра ва 15 -биринҷӣ ҷои севвумро азони худ кард.

Дар Бозиҳои 8-уми ҷаҳонӣ, ки 16-уми июл дар Тайван оғоз шуданд, беш аз 3200 варзишгар аз 90 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Ба барномаи бозиҳо 31 навъи варзиш – 25 риштаи аслӣ ва 5 намоишӣ шомиланд. Бозиҳои ҷаҳонӣ то рӯзи 26-уми июл идома хоҳанд кард.

Дар шаҳри Лондон ралли ё пойгаи мотосиклронӣ шурӯъ шуд. Чаҳор байкер ё мотосиклрон аз Италия – Ҷанни, Никола, Эдуардо ва Никколо - тавассути роҳҳои душворгузари кишварҳои мухталифи Аврупову Осиё – чӯлу биёбон, талу теппаҳо ва баландкӯҳҳо - масофаи 12 ҳазор километрро тай хоҳанд кард. Пойгаи мотосиклронӣ дар Помири Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид. Италиёиҳоро дар сафар автобуси мактабӣ ҳамроҳӣ мекунад, ки ин тӯҳфаест барои хонандагони яке аз мактабҳои Тоҷикистон.

Меҳроҷиддин Каримов, муштзани кӯҳпайкари тоҷик, соли ҷорӣ дар се мусобиқаи байналмилалӣ ширкат карда, 1 медали тилло, 1-нуқра ва 1- биринҷӣ ба даст овардааст.

Ба андешаи Абдурашид Маҳмадҷонов, мураббии Меҳроҷиддин, ин муштзани ҷавони тоҷик дар оянда дар арсаи ҷаҳон машҳур хоҳад шуд. Ӯ ҳоло 17-сола аст, қадаш 2 метру 17 сантиметр, вазнаш 105 кило ва андозаи пояш 54-56. Дар як соли ахир қади ӯ 3 сантиметр баланд шуда, вазнаш 10 кило афзудааст. Вале, мегӯяд, Абдурашид Маҳмадҷонов ҳоло вазни Меҳроҷиддин ба қадаш мувофиқ нест ва ӯ бо чунин қад бояд на камтар аз 130 кило вазн дошта бошад. Дар ин мавзӯъ, ҳамчунин, сӯҳбате дорем бо муовини мудири мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе Қаюмҷон Норов.

Дар ин барнома, инчунин, мусоҳибаи мо бо гурзандози ҷавони тоҷик Сӯҳроб Хоҷаев, ки барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ дар гурзандозӣ дар Италия гардид, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Дар шашумин давраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзишҳои майдонӣ байни наврасон дар шаҳри Брессанони Италия беш аз 1300 варзишгари ҷавон аз 180 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Сӯҳроб Хоҷаев гурзро ба масофаи 73 метру 29 сантиметр ҳаво дода, ҷои дуввумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон гардид, ки моҳи августи соли 2010 дар Сингапур баргузор хоҳанд шуд.

Мухлисони варзиш! Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG