Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Озарбойҷон аз сафар ба Тоҷикистон


Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон ба шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон ва манотиқи бо Афғонистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳаммарзи ин кишвар парҳез кунанд. Он ҳамчунин аз шаҳрвандони худ, ки муваққат ё доимӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хостааст, дар мавридҳои нигаронкунанда фавран ба сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд. Ин аввалин чунин изҳороти як кишвари шӯравии собиқ дар бораи кишвари дигар ин қаламрав мебошад. Мақомоти Тоҷикистон ба он вокунише нишон надодаанд.
XS
SM
MD
LG