Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни амалиёт дар шарқи Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бар асари амалиёт дар шарқи ин кишвар гурӯҳҳои мусаллаҳ аз байн бурда шудаанд. Намояндаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, биноан нерӯҳои эъзомӣ ба маҳалли хидмати доимияшон баргардониду шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ, дар шарқи Тоҷикистон 11 нафар аз аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва як сарбози ҳукуматӣ кушта шудааанд. Дар бораи теъдоди боздоштшудагон хабар дода намешавад. Дар эъломияҳои ниҳодҳои қудратӣ даргириҳо дар Тавилдара аз як сӯ амалиёти зидди қочоқи маводи мухаддир ва аз сӯи дигар мубориза бо тундгароёни исломӣ унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG