Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи Австралия аз ифшои тарҳи як ҳамла


Пулиси Австралия мегӯяд, як тарҳи ҳамлаи маргталабона ба як пойгоҳи низомиашро баҳам зада ва чаҳор нафарро боздошт кардааст, ки бо гурӯҳҳои исломии тундрави Сомалӣ иртибот доштаанд. Тақрибан 400 нафар аз афсарони нерӯҳои амниятии Австралия дар амалиёти пешгирӣ аз ин тарҳ дар шаҳри Мелбурн дуввумин шаҳри бузурги Австралия ширкат доштаанд. Ҳар чаҳор нафар боздоштшуда зодагони Сомалӣ ва Лубнон ва шаҳрвандони Австралия будаанд. Кевин Рууд – нахуствазири Австралия, тарҳи ҳамларо “гӯшзади ҳушёркунандае” барои кишвараш хондааст, ки ба гуфтаи вай ҳадафи гурӯҳҳои тундравест, ки аз пайвастани нерӯҳои Австралия ба ҷанг дар Ироқу Афғонистон хашмгинанд.
XS
SM
MD
LG