Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи Ҳиротро Толибон бар ӯҳда гирифтанд


Масъулияти бомбгузории субҳи имрӯз дар шаҳри Ҳирот, дар ғарби Афғонистонро Толибон бар ӯҳда гирифтаанд. Бар асари ин таркиш, ки як ҳайъати пулисро ба ҳадаф дошт, дасти кам 12 нафари ағлаб ғайринизомӣ кушта шуданд. Пулис мегӯяд, бар асари ин ҳамла ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шудаанд.
Афзоиши ҳамалоти ҷангиёни толиб дар ҳолест, ки Афғонистон ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ омодагӣ мегирад. Ин маърака рӯзи 20 август доир мешавад.
XS
SM
MD
LG