Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони сархатиби Тошканд


Анвар-қорӣ Турсунов
Анвар-қорӣ Турсунов

Анвар-қорӣ Турсунов, сархатиби шаҳри Тошканд, аз як сӯъиқасд ҷон ба саломат бурдааст. Бино ба хабарҳо, сархатиб то 9 захми корд бардошта, дар яке аз бемористонҳои Тошканд таҳти муолиҷа қарор дорад.

Ин сӯиқасд шоми 31 июл дар назди дарвозахонаи манзили Анвар-қорӣ Турсунов дар маҳаллаи Янгиободи ноҳияи Ҳамзаи шаҳри Тошканд сурат гирифта, бино ба хабарҳо, сархатиб бо чанд захми корд дар бемористони Янгиобод таҳти муолиҷа қарор дорад.

Хабари ҳамла ба сархатиби Тошканд аз ду созмони маҳаллии ҳомии ҳуқуқи башар - ҷамъияти мавсум ба “Эзгулик” ва гурӯҳи ибтикории ҳомиёни мустақили ҳуқуқи башари Узбакистон - ба даст омад. Сурат Икромов, раҳбари ин гурӯҳи ибтикорӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони сархатиби Тошкандро таъйид кард ва гуфт: “Як нафари ношинос ӯро тавассути писараш ба берун даъват кардааст. Вақте имом-хатиб ба кӯча мебарояд, он нафар ӯро чанд зарбаи кор мезанад. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ӯ 9 захми корд бардоштааст.”

Аммо Абдулазиз Мансур, мутарҷими “Қуръон” ба забони узбакӣ ва аз мақомоти пурнуфузи муфтиёти Узбакистон, ки Анвар-қорӣ Турсуновро дар бемористон аёдат кардааст, аз қавли пайвандони сархатиб мегӯяд, ки ҳамлагарон 3 нафар буда, ба ӯ 3 зарби корд задаанд, ки якеаш ба ҷигари ӯ бархӯрдааст. Абдулазиз Мансур мегӯяд, вазъи сархатиб феълан беҳтар шудааст: “Ӯ ҳозир таҳти табобат қарор дорад ва аз нав ба забон омада, чашмонашро низ кушод. Худо хоҳад, ӯ рӯ ба шифо ниҳодааст ва мо дар ҳаққаш дуъо мекунем, ки шифо биёбад.”

Анвар-қорӣ Турсунов сархатиби шаҳри Тошканд ва имом-хатиби масҷиди Кӯкалдош дар пойтахти Узбакистон буда, ҳамзамон дар кумитаи дини назди кобинаи вазирони Узбакистон низ масъулияти коршиносӣ дар умури диниро бар ӯҳда дорад.
Аммо як намояндаи ин кумита аз сӯиқасд ба ҷони Анвар-қорӣ изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, кумитаи онҳо ба масоили муносиботи байни давлат ва адён машғул аст, на ба умури ҷиноие, чун кордкашиву қатлу куштор ва масоили назири ин.

Анвар-қорӣ Турсунов аз тарафдорони содиқи раисиҷумҳури кунунии Узбакистон Ислом Каримов маҳсуб мешавад ва дар маъвизаҳое, ки дар масҷиди Кӯкалдош ва ҳам тавассути телевизиони давлатӣ дар як барномаи вижаи мазҳабӣ ироа мекард, ҳамеша аз сиёсати давлати Каримов пуштибонӣ ва аз ҷараёнҳои тундрави диние, чун Ҳизби таҳрир ва ваҳҳобия, интиқод мекард.

Сурат Икромов, раҳбари гурӯҳи ибтикории ҳомиёни мустақили ҳуқуқи башари Узбакистон, мегӯяд, дар аксари парвандаҳои афроди муттаҳам ба тундравии мазҳабӣ хулосаи коршиносиро маҳз Анвар-қорӣ Турсунов медод ва ӯ ҳамроҳ бо як ҳайъати рӯҳониёни рӯ ба давлат ҳамеша ба маҳбасҳо сафар мекард, то афроди, ба бовари рӯҳониёни расмӣ, “аз роҳи дини ҳақ баргашта”-ро дубора ба “роҳи ҳақ” даъват кунад. Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқи башар, ин рӯҳониёни эъзомӣ дар роҳи даъвати афроди муттаҳам ба ҳамкорӣ бо Ҳизби таҳрир ва дигар гурӯҳҳои ғайрирасмии исломӣ аз васоил ва усули ғайримашрӯъ, ҳатто аз шиканҷаи зиндониён, рӯ наметофтанд ва ин аст, ки Анвар-қорӣ Турсунов дар миёни ин тоифа ҳамчун “имоми сурх” ва “муллои давлатӣ” ном бароварда буд: “То ҷое ки ман медонам, ин одам - Анвар-қорӣ - дар байни аҳли тақво обрӯи чандоне надошт. Гузашта аз ин, ман худам дар чандин додгоҳи афроди муттаҳам ба тундравии динӣ шоҳид будам, ки бисёриҳоро бар асоси хулосаҳои навиштаи Анвар-қорӣ маҳкум карданд. Ӯ дар хулосаҳои расмиаш фаъолияти ин афродро хатарнок арзёбӣ мекард. Сархатиб аз тарафдорони ашаддии Ислом Каримов ва ҳамеша бар ин бовар буд, ки пайравони ҳама гуна ҷараёнҳои ғайрисуннатии мазҳабӣ, назири ваҳҳобияву ҳизби таҳрирро бояд саркӯб кард. Ба ин далел, ман эҳтимоли ба чунин мавзеъгириҳои Анвар-қорӣ рабт доштани сӯиқасди ахир ба ҷони сархатибро сарфи назар намекунам.”

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои интернетие, чун “Фарғона. Ру”, менависанд, ки аксари рӯҳониёни маҳаллӣ дар Узбакистон дар қаламрави таҳти нуфузи худ ин ё он навъи тиҷоратро ба истилоҳ “ таҳти ҳидоят” қарор додаанд ва имкон дорад, ки сӯиқасд ба ҷони Анвар-қорӣ Турсунов решаҳои тиҷорӣ дошта бошад. “Фарғона.Ру”, дар ҳар сурат, назар ба ҳама фарзияҳои дигар, аз ҷумла даст доштани созмону гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, дар мавриди сӯиқасд ба ҷони сархатиби Тошканд фарзияи муноқишаи тиҷориро тарҷеҳи бештар медиҳад.

Аммо бархеи дигар бар ин боваранд, ки ин сӯиқасд метавонад кори дасти хадамоти махсуси Узбакистон ҳам бошад, ки одатан чунин сӯиъқасду қатлҳои пурсарусадоро баҳонаи маъракаҳои нави таъқиботӣ қарор медиҳанд.
XS
SM
MD
LG