Додгоҳи Узбакистон рӯзи 31-уми июл Дилмурод Саидро бо "пулситонӣ" ва "ташкили асноди қалбакӣ" муҷрим донист ва ба муддати дувоздаҳу ним сол равонаи зиндон кард.
Рӯҳиддин Комилов, вакили мудофиаи рӯзноманигор Дилмурод Саид, мегӯяд, дар ҳоле, ки фарди зери ҳимояи ӯ айбномаро пурра рад мекунад, додгоҳи ноҳияи Тайлоқи вилояти ҷанубии Самарқанди Узбакистон натавонист шаҳодати кофии даст доштани Дилмурод Саид дар ҷиноятҳоро собит кунад. Комилов ба тарзи пешбурди муҳокима, ки пушти дарҳои баста сурат гирифтааст, мухолиф баромад.
Созмони Рӯзноманигорони бидуни марз изҳор намудааст, аз ҳукми вазнине, ки рӯи Дилмурод Саид бор шудааст, дар ғазаб буда, аз мақомоти Узбакистон талаб мекунад, ё ӯро озод кунанд ва ё ҳадди ақалл ба муҳокимаи одилонаи ин қазия иҷозат диҳанд.
Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон хотирнишон мекунад, ин 8-умин рӯзноманигори зиндонии Узбакистон аст, ки ба ақидаи Рӯзноманигорони бидуни марз ҷурми воқеии онҳо на он чизе, ки дар додгоҳ гуфта шудааст, балки фаъолияти касбии онҳост.
Дар изҳороти созмон таъкид мешавад, ки ҳукми Дилмуроди Саид қазияи Солеҳҷон Абдураҳмоновро ба ёд меорад. Соли 2008-ум бо ҳукми мавриди шубҳаи Рӯзноманигорони бидуни марз, яъне "истеъмол ва интиқоли маводи мухаддир" Абдураҳмонов ба муддати даҳ сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Дилмурод Саид 22-юми феврали соли равон аз ҷониби афроди марбут бо додситонии Самарқанд дастгир шуд. Як зане ӯро бо пулситонӣ муттаҳам кард. Ба қавли ин зан Дилмурод Саид аз як соҳибкор дар муқобили худдорӣ аз навиштани мақолаи танқидӣ 5 ва ё 6 ҳазор доллар талаб кардааст.
Дилмурод Саид узви созмони узбакиии «Эзгулик» аст, ки аз ҳуқуқи кишоварзон ҳимоят мекунад. Ӯ дар бораи камбудиҳои кори ҳукумати вилояти Самарқанд, ки боиси заъфи кишоварзон шудааст, борҳо матолиби танқидӣ ба табъ расондааст.
Созмони рӯзноманигорони бидуни марз мизони озодии матбуот дар Узбакистонро дар макони 162-ум аз байни 173 кишвар ҷой додааст.

Аллоҳ кулли мадуми Тоҷикистонро аз ин балои нобаҳангом нигоҳ дорад. Рости гап бади ин мақоларо хондан баданамро ларза гирифт. Ин чи бедодис як модар нпход, ки бо дасти худаш ҷигарбандашро кушад.
Изҳороти ВКД дар мавриди "партофтан аз ошёнаи 3-юм...." хатои маҳз аст. Зеро тамои тирезаҳои бинои навсохти ШВКД дар ш. Ваҳдат ПАНҶАРА доранд. Ягон гумонбаршаванда имкони гурехтан ва ё сарозер шуданро надорад. Аз Сарвиноз, Афсона, Амриддин ё Муҳаммадраҷаб хоҳиш карда мешавад, ки аз назди бинои Шӯъбаи мазкур гузориши видеоӣ намоянд.
Вакте,ки ВКД шахсро дастгир мекунад. Новобаста вай чинояткор аст ё гумонбар, шиканчаш мекунанд дар кувваи бар мемонанд албатта, ки инсон аз чони худ сер мешавад ва ба чунин корхо даст мезанад.
Эй Рости норост,ин хукумат, чи кардааст? Чихо мегуй.
Китобхои фантастическия камтар хонетон