Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими баҳрабардорӣ аз Сангтӯда - 1


Қарор аст, имрӯз зимни як маросими расмӣ дар ҳузури раиси ҷумҳурони Тоҷикистону Русия нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Рӯзи панҷшанбе, ду кишвар созишномаи истифодаи муштарак аз ин нерӯгоҳро имзо карданд, ки 75 дар сади саҳмияҳояш аз они Русия мебошад. Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда - 1 дар ҷануби Тоҷикистон, қодир ба тавлиди 2 миллиарду 700 киловат соат нерӯи барқ дар як сол аст ва Русия мегӯяд, барои он тақрибан 500 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG