Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол дар Покистон 250 узви ҲИУ дастгир шудааст


Соли равон кормандони полиси Покистон беш аз 250 узви Ҳаракати Исломии Узбакистонро дастгир карданд, ки миёни онҳо тоҷикон низ ҳастанд. Дар ин бора вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик дар мулоқот бо вазири умури дохилаи Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров хабар дод. Тибқи иттилоъи хабаргузории Азия-плюс, дар ин мулоқот Абдураҳим Қаҳҳоров ба ҳамтои покистонияш тарҳи Созиши ду кишвар оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва терроризм дар сатҳи байниҳукуматиро муаррифӣ намуд. Хабаргузорӣ бо такя ба иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, Раҳмон Малик аз имзои ин санад пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG