Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова мунтазири натиҷаҳои интихобот


Интизор меравад, имрӯз натиҷаҳои пешакии интихоботи такрории порлумонӣ дар Ҷумҳурии Молдоваро эълом кунанд. Бино ба назархоҳиҳо, дар ин интихобот, Ҳизби Коммунист назар ба тамоми аҳзоби дигар раъйи бештар ба даст овардааст, аммо нерӯҳои мухолифин дар якҷоягӣ раъйи аксарияти мардумро соҳиб шудаанд. Дар ин ҳолат, коммунистҳои Молдова дар порлумон раъйи кофӣ барои интихоби раиси ҷумҳурро нахоҳанд дошт, ки ҷойгузини Владимир Воронин раиси Ҳизби Коммунист шавад. Интихоботи такрорӣ дар Молдова баъди он эълом шуд, ки намояндагони порлумон дар ду раъйгирӣ натавонистанд, раиси ҷумҳури нави кишварашонро интихоб намоянд. Пирӯзии Ҳизби Коммунисти Молдова дар интихоботи 5 апрел, сабаби ошӯбу бесарусомониҳои кӯтоҳ дар шаҳри Кишинёв шуд.
XS
SM
MD
LG