Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои Ҷорҷ Митчелл ба ҳосили мулоқоташ


Ҷорҷ Митчелл – фиристодаи хоси Амрико дар умури Ховари Миёна дирӯз гуфт, ӯ ва Бенямин Нетаняҳу – нахуствазири Исроил дар гуфтӯгуяшон доир ба муноқишаи Ховари Миёна “ба пешрафти хубе” ноил шудаанд. Дар ин мулоқот, таваҷҷӯҳ ба масъалаи бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзамониҳои ишғолии фаластиниён будааст, ки Амрико ба хотири ба ҳаракат даровардани раванди сулҳ, хостори хотимаи он шаҳраксозиҳост. Амрико ба такрор аз Исроил хостааст, ба ин шаҳраксозиҳо хотима диҳад, талабе, ки Бенямин Нетаняҳу нодида гирифта ва сабаби танишҳо миёни ин ду шарики дерина шудааст. Ҷорҷ Митчелл ҳамчунин дар ҷараёни сафараш ба Ховари Миёна аз Сурия, Миср ва Канораи Ғарби Рӯди Урдӯн боздид кард.
XS
SM
MD
LG