Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штирбу: ба интихобот нозирони расмӣ раҳ меёбанд


Евгений Штирбу, раиси Комиссиюни марказии интихоботии Молдавия, изҳор намуд, ки интихоботи парлумонии рӯзи 29 июлро фақат нозирони расман сабтиномшуда назорат хоҳанд кард. Рӯзи сешанбе мақомоти кишвар аз панҷ нозир аз Русия ва Белорус талаб карданд, ки Молдавияро тарк намоянд, зеро онҳо дар Комиссиюни марказии интихобот расман номнавис нашудаанд. Яке аз онҳо сиёсатшинос ва корманди созмони “Голос” Александр Кинев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи рӯзи сешанбе ӯ ва чанд нозири дигарро ба як шӯъбаи полиси муҳоҷиратӣ оварданд ва изҳор намуданд, ки бо қарори мақомоти Молдавия бояд тули як шабонарӯз аз кишвар берун раванд.
Мақомоти Молдавия ҳамчунин аз сабти номи расмии 87 нозири созмони байнулмилалии ENEMO сарпечӣ карданд.
Интихоботи қабл аз вақти парлумонии Молдавия фардо, рӯзи чаҳоршанбе баргузор мешавад ва дар он 8 ҳизби сиёсӣ ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG