Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбӣ аз амалиёти ҷангии "Панҷаи паланг"


Гордон Бровн – нахуствазири Бритониё, рӯзи душанбе гуфт, амалиёт барои маҳви Толибон дар як такягоҳашон дар Афғонистон муввафақиятомез будааст. Ин баёнияи Гордон Бровн дар ҳоле нашр мешавад, ки талафоти сарбозони бритониёӣ дар амалиёти мавсум ба “Панҷаи паланг” дар вилояти Ҳилманд афзуда ва сабаби норизоиятии ҷомеаи Бритониё шудааст. Мақомоти вазорати дифоъи Бритониё гуфтанд, ки амалиёти мазкур рӯзи 20 июл ба поён расидааст ва нерӯҳои хориҷӣ як қаламрави муҳим дар вилояти Ҳилмандро аз дасти ҷангҷӯёни Толиб гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG