Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти эътирозгарони боздоштшуда дар Эрон


Раиси адлияи Эрон дастур дод, ки мақомоти марбута сарнавишти парвандаи боздоштшудагони тазоҳуроти пасоинтихоботиро дар тӯли як ҳафтаи дигар ҳал кунанд. Сухангӯйи оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ гуфтааст, маҳбусоне, ки "ҷиноятҳои ба андозаи кофӣ ҷиддӣ содир накардаанд", бояд озод шаванд. Вай ҳамчунин гуфтааст, бояд таҳқиқ шавад, ки оё ҳуқуқи боздоштшудагон дар маҳбас бо нақзе рӯбарӯ гаштааст ё не. Дар ҷараёни тазоҳуроти зидди натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези моҳи июн, ки дар он Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз омад, наздик ба 300 нафар боздошту зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG