Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизакорон интиқоди Аҳмадинажодро идома медиҳанд


Муҳофизакорони Эрон интиқоди Маҳмуди Аҳмадинажод барои таъийни қудояш Исфандиёр Раҳим Мошоӣ дар мақоми муовини раисиҷумҳурро идома медиҳанд. Нашрияи Ҷоми Ҷам гуфтаҳои узви Маҷлиси Эрон Аҳмад Тавакалиро овардааст, ки мегӯяд Аҳмадинажод дар иҷрои дастури раҳбари рӯҳонии кишвар Алӣ Хоманаӣ барои барканории Мошоӣ аз мақом коҳилӣ кардааст. Ҳасан Фирӯзободӣ, як низомии воломақоми эронӣ ҳам гуфт, мардуми Эрон интизор буданд, ки Аҳмадинажод мунтазири номаи расмии оятуллоҳ Алӣ Хоманай нашуда, дар бораи барканории муовинаш Мошоӣ тасмим мегирад.
XS
SM
MD
LG