Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти нави ҳамлаҳои маргталабона дар Хуст


Дар шаҳри Хуст, воқеъ дар шарқи Афғонистон, ҳафт толиби маргталаб ба биноҳои маъмурӣ ҳамла карданд. Шоми рӯзи шанбе намояндаи вазорати умури дохилаи Афғонистон дар бораи ин ҳодиса тафсилоти нав дод ва гуфт, ки дар бинои раёсати маҳаллии полис ҳамзамон чаҳор инфиҷори маргталабона рух додааст. Маргталабон ҳамчунин дар канори ду постгоҳ ва бинои бонк дар маркази шаҳр худро тарконидаанд.
Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳамлаҳо фақат худи маргталабҳо кушта шудаанд, 14 нафар, аз ҷумла, 11 корманди полис ҷароҳат бардоштаанд. Намояндаи “Толибон” дар сӯҳбат бо хабаргузории Франс пресс таъйид кард, ки ҳамлаҳо аз сӯи мусаллаҳони ин ҷунбиш сурат гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG