Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи ҳавопаймо дар Эрон ҷони 16 касро рабуд


Ҳавопаймои эронӣ пас аз садама

Бар асари садамаи як ҳавопаймои мусофирбар дар шаҳри Машҳади Эрон 16 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Тибқи иттилои мақомоти расмии Эрон, ҳавопаймои ширкати эрониии «Aria Aviation» ҳангоми нишастан дар фурӯдгоҳи шаҳри Машҳад бо сабабҳои номаълум аз хатти парвоз берун шуд ва ба девор бархурд.

Дар ин ҳодиса 13 узви экипаж ва се мусофир ҷон бохтаанд. 9 тан аз қурбониёни ҳодиса шаҳрвандони Қазоқистонанд. Ин ҳавопайморо ширкати эронӣ аз Қазоқистон ба иҷора гирифта буд.

Замони садама дар ҳавопаймо 153 сарнишину мусофир ҳузур доштаанд.

Қаблан, рӯзи 15 июли соли равон, як ҳавопаймои дигари мусофирбари Эрон суқут карда ва сабаби марги 168 нафар шуда буд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG