Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Қирғизистон баҳои манфӣ гирифт


Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қирғизистонро "маъюскунанда" хонда ва гуфтанд, ки интихобот мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтааст. Нозирони созмон, дар арзёбии муқаддамотии худ аз шеваи баргузории интихобот гуфтанд, ки дар ҷараёни интихобот мушкилоту қонуншиканиҳои зиёде вуҷуд дошт, аз қабили раъйдиҳии чандбора, пур кардани қуттиҳои раъй, иштибоҳҳо дар феҳрасти раъйдиҳандагон. Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳамчунин гуфтанд, ки инъикоси яктарафаи матбуот ва истифода аз манобеъи идорӣ ба раиси ҷумҳури феълӣ Қурмонбек Боқиев “бартарии ноодилона” додааст. Бар асоси натиҷаҳои нопурраи интихобот, Қурмонбек Боқиев 85 дар сади раъйи мардумро соҳиб шудааст. Мухолифони Қирғизистон интихоботро ғайриқонунӣ хонда ва хостори баргузории раъйдиҳии нав шудаанд.
XS
SM
MD
LG