Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои зиддунақиз дар мавриди Мавлон Фазлуллоҳ


Сухангӯи Толибон хабарҳо дар бораи ҷароҳат бардоштани Мавлоно Фазлуллоҳ, фармондеҳи ин гурӯҳ дар водии Свотро радд кард. Мақомоти низомии Покистон гуфта буданд, ки бовар меравад, Мавлоно Фазлуллоҳ дар ҷараёни амалиёти густардае, ки ду моҳ боз идома дорад, захмӣ шуда бошад.Вале сухангӯи Толибон Муслимхон инро радд кард ва гуфт, кулли фармондеҳони ин гурӯҳ дар Свот зиндаанд. Мақомоти низомӣ мегӯянд, дар водии Свот то имрӯз наздики 1800 ҷангиро ба ҳалокат расондаанд.
Мавлоно Фазлуллоҳ, ки дар баҳои сари ӯ 615 000 доллар ҷоиза таъйин кардаанд, тайи ду сол маъракаи эъмоли қонунҳои шариъат дар водии Свотро раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG