Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се мавриди нахустини зукоми хук дар Қазоқистон


Қазоқистон вуҷуди ангезандаи зукоми қаттоли хукро дар бадани 3 кӯдак таъйид кардааст. Ин нахустин мавриди таъйидшудаи зукоми хук дар ин кишвари Осиёи Марказист.
Хабаргузории русии Интерфакс навишт, вируси зукоми хук дар бадани ин атфол дар пайи бозгашти онҳо аз Бритониё, ки бо пандемияи ин беморӣ рӯбарӯст, кашф шудааст.
То кунун бар асари зукоми хук дар ҷаҳон беш аз 700 нафар ба ҳалокат расидаанд ва ин давлатҳо ва донишмандони ҷаҳонро таҳрик додааст, то талошҳои худ ҷиҳати таҳияи воксини муассир бар зидди ин бемориро афзоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG