Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 дарсади наврасон хоҳиши таҳсилро надоранд


Тибқи як назарпурсӣ, ҳудуди 70 дарсади муҳассилини мактабҳои миёнаи Тоҷикистон хоҳиши идомаи таҳсил дар муассисаҳои олиро надоранд.

Бар тибқи ин назарпурсӣ, ки созмони ҷамъиятии «Иттиҳоди рӯзноманигорон ва шафқат» миёни 3000 донишомӯзи синфҳои болоии макотиби миёнаи Тоҷикистон анҷом додааст, аксари хонандагон дар шароити феълӣ кор дар Русияро дар нисбати гирифтани маълумоти олӣ авлотар медонанд.

Фаррух Аҳроров, раҳбари ин созмон, дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, пурсиши мазкур тайи се моҳ сурат гирифта, ҳадафаш муайян кардани монеаҳои таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар будааст. Вай мегӯяд, омили аслие, ки садди роҳи идомаи таҳсили минбаъдаи хонандагони имрӯз мешавад, фақри хонаводагист. Зеро реша давондани ришваву фасод дар соҳаи омӯзишу парвариш барои таҳсили онҳо дар макотиби олӣ мушкил эҷод мекунад.

80 дарсади духтарони пурсидашуда ояндаи худро чун донишҷӯ надида, бунёди оиларо муҳимтар меҳисобанд ...
Ба гуфтаи Фаррух Аҳроров, 80 дарсади духтарони пурсидашуда ояндаи худро чун донишҷӯ надида, бунёди оиларо муҳимтар меҳисобанд.

Дар зимн Амирхӯҷа Сангов, ҷомеашиноси ҷавон, бар ин аст, ки хатмкунандагоне, ки имрӯз роҳи мардикориро дар хориҷи кишвар пеш мегиранд, дар ҷомеаи фардо наметавонанд мавкеъ пайдо кунанд. Ва ин раванд на танҳо ба рушди иқтисодиёт латма мезанад, балки ин ба зарари тафаккури миллат хоҳад буд.

Нуктаи ҷолиби дигари пажӯҳиши анҷомдодаи «Иттиҳоди рӯзноманигорон ва шафқат» ин аст, ки 7 дарсади донишомӯзон мехоҳанд бо даст додани имконият таҳсили худро дар хориҷ аз кишвар идома диҳанд. Чун сатҳи донишгоҳҳои Тоҷикистон онҳоро қонеъ намекунад ва ба бовари ин ҷавонон дар кишварҳои дигар онҳо метавонанд дониши беҳтар ва таҷрибаи бештар бигиранд.

Аммо он ним дарсаде, ҳам ки дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил карданӣ ҳастанд, он ихтисосҳоеро интихоб мекунанд, ки дар оянда даромади бештар дошта бошад.

Яке аз масъалаҳои дигаре, ки боиси адами хоҳиши идомаи таҳсили хонандагон мешавад, ба эътиқоди мазҳабии онҳо печидагӣ дорад. Ба ин гуна, ки солҳои ахир баҳси ҳиҷоб дар мактабҳои олӣ зери фишорӣ равонӣ қарор гирифтани духтарон шуд ва маҳдуд кардани баъзе аз имтиёзҳои фитрии шаҳрвандон аз қабили ҳатман доштани галстук ва ё гарданбанд, манъи намозхонии донишҷӯён дар масоҷид ва амсоли ин боиси он шудааст, ки онҳо барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои кишвар кӯшиш намекунанд ва аксарият барои таҳсил роҳи донишгоҳу марказҳои исломии хориҷи кишварро пеш мегиранд.
XS
SM
MD
LG