Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти Рамазон Қодиров аз болои раиси "Мемориал"


Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, бо ироаи як ариза аз Раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав хостори ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси Маркази дифоъ аз ҳуқуқи башари “Мемориал” Олег Орлов шуд. Ин аризаро имрӯз вакили дифоъи раисиҷумҳури Чеченстон Андрей Красненков ба раёсати умури дохилаи шаҳри Маскав супурд. Дар ин ариза Рамазон Қодиров раиси “Мемориал”-ро дар тӯҳмат айбдор мекунад. Олег Орлов қаблан масъулияти куштори ҳомии ҳуқуқи башар Наталия Эстемирова дар Чеченистонро бар дӯши Рамазон Қодиров гузошта буд.
Наталия Эстемирова, корманди маркази "Мемориал" рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон ба таври асроромез ғайб зад. Баъд аз чанд соат ҷасади ӯ бо ҷароҳатҳо аз тир дар канори шаҳри Назрани Ингушистон ошкор шуд. Наталия Эстемирова ба таҳқиқи ҳодисаҳои куштор, шиканҷа ва одамрабоӣ дар Қафқози шимолӣ машғул буд.
XS
SM
MD
LG