Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мурофиаи додгоҳии генералҳои мустаъфии турк


Дар Туркия мурофиаи додгоҳии Сенер Ерюгир ва Ҳурсит Толон, ду генерали мустаъфӣ шурӯъ шуд, ки дар тавтеъаи зиддиҳукуматӣ айбдор мешаванд. Тафтишот иддао дорад, ки онҳо гурӯҳи "Эргенекон"-ро сарварӣ мекарданд, ки, ба гуфтаи муфаттишон, ба хотири кудатои низомӣ чанд инфиҷор ва куштори сиёсиро ташкил карданӣ буданд. Тафтиши ин қазия ду сол боз идома дорад ва бо ин иттиҳом 88 нафар, аз ҷумла, хабарнигорон, адибон ва донишмандон, боздошт шудаанд.
Мухолифин ҳукумати исломгарои Туркияро дар талошҳои тарс додани ҷонибдорони давлати дунёявӣ айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG