Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи Русия дар Қандаҳор


Як чархболи ғайринизомии Русия дар мақари бузургтарин пойгоҳи НАТО дар ҷануби Афғонистон суқут кард. Бар асари сониҳаи чархболи Ми-8 дар пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор 16 нафари ғайринизомӣ кушта ва 5 тани дигар захмӣ шуданд.
Мақомоти низомӣ мегӯянд, кадом аломати аз тири душман сарнагун шудани ин чархбол мушоҳида намешавад.
Ин чархбол ба ширкати русии “Вертикал-1” тааллуқ дошта, ба гуфтаи як корманди сафорати Русия дар Кобул, аз 18 мусофираш 16 нафар ҳалок шудаанд. Аммо 3 халабони чархбол – ду шаҳрванди Русия ва як беларус – дар ин сониҳа ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG