Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони Навоз Шариф бекор шуд


Додгоҳи олии Покистон рӯзи ҷумъа ҳукми додгоҳ алайҳи сарвазири пешин Навоз Шарифро, ки дар ҳавопайморабоӣ ва терроризм муҷрим шинохта шуда буд, лағв кард. Додгоҳ қаблан қарори манъи дафтари Навоз Шарифро низ бекор кард ва акнун роҳи ӯ барои ширкат дар интихоботҳои оянда боз мешавад.
Навоз Шариф дар талоши “рабудан”-и ҳавопаймои ҳомили фармондеҳи вақти артиш генерал Парвиз Мушарраф дар таърихи 12 октябри соли 1999 муттаҳам мешавад. Он рӯз дар Покистон дар натиҷаи як табаддулоти бехуни низомӣ Навоз Шариф барканор гардида, Парвиз Мушарраф ба қудрат расид.
Шариф баъдан бо ҷурми ҳавопайморабоӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд ва то соли 2007 натавонист ба Покистон баргардад.
XS
SM
MD
LG