Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами дигари Ишқобод ба сӯи тарҳи Набукко


Туркманистон бо як узви консортсиуми лӯлаи гази Набукко дар заминаи анҷоми корҳои иктишофӣ ва истихроҷи газ аз зери бистари дарёи Хазар қарордод имзо кардааст. Нашрияи расмии “Нейтралний Туркменистан” навишт, ки ин созишнома бо ширкати олмонии RWE имзо шудааст. Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳафтае пеш эълон кард, ки кишвараш барои таъмини лӯлаи Набукко бо гази табиӣ омода аст. Тарҳи Набукко ба хотири бидуни убури қаламрави Русия ба бозорҳои Аврупо расондани гази табиӣ аз ҳавзаи дарёи Хазар роҳандозӣ шуда, ҳазинааш 7,9 миллиард евро баровард мешавад.
XS
SM
MD
LG