Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон аз Шармулшайх ба Маскав меравад


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд дар Шармулшайхи Миср бо ҳамтоёни худ аз Яман ва Сербистон Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва Борис Тадич ва бо вазири хориҷаи Таиланд Кейсит Пиромия мулоқот кардааст.
Ҷунбиши адами тааҳҳуд соли 1961 таъсис ёфта, феълан 119 кишварро муттаҳид мекунад. 16 кишвари дигар, бо шумули Тоҷикистон, дар ин созмон мақоми кишвари нозирро доранд.
Эмомалӣ Раҳмон дар пайи нишасти Шармулшайх озими Маскав шуда, ва рӯзи 18 июл дар нишасти ғайрирасмии кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар ҳошияи сабқати аспдавонӣ ба хотири дарёфти раисиҷумҳури Русия доир мешавад, ширкат мекунад. Аммо то кунун танҳо 5 президенти шӯравии собиқ даъвати Дмитрий Медведев барои ширкат дар ин нишаст пазируфтаанд.
XS
SM
MD
LG