Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғуломризо Оғозода аз ду мақоми муҳим истеъфо дод


Хабаргузории ISNA-и Эрон хабар дод, ки раҳбари созмони энержии атомии ин кишвар, муовини раиси ҷумҳурӣ Ғуломризо Оғозода аз ҳарду мақомаш истеъфо додааст. Хабари мазкур дар бораи сабабҳои чунин иқдоми оқои Оғозода тавзеҳе намедиҳад. Оқои Оғозода ҳанӯз дар аҳди раиси ҷумҳурии пешин Муҳаммади Хотамӣ ба мақоми раҳбарии созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломӣ таъйин шуда таҳти раҳбарии Аҳмадинажод маъмуриятҳои худро идома медод.
XS
SM
MD
LG