Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳузури Мусавӣ дар баробари тарафдоронаш


Қарор аст раҳбари нирӯҳои мухолифини Эрон Мирҳусайни Муссавӣ барои нахустин бор баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии моҳи июн дар мазҳари ом суханронӣ кунад. Бар тибқи сомонаи интернетии Муссавӣ вай қарор аст дар намози ҷумъа дар баробари тарафдоронаш ҳозир шавад. Раҳбарии намози фардоро дар як донишгоҳи Теҳрон раиси ҷумҳурии пешин Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ раҳбарӣ хоҳад кард, ки дар интихобот аз Мусавӣ тарафдорӣ кардааст. Ин ду раҳбари мухолифин натиҷаҳои интихоботро, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, бо иттиҳоми тақаллуб эътироф накардаанд.
XS
SM
MD
LG