Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори як корманди СММ дар Пешавар


Мақомоти СММ ва Покистон мегӯянд, ки имрӯз як мақоми ин созмон, ки дар қароргоҳи мардуми беҷошуда дар Пешавар кор мекард, дар як кӯшиши нобарори одамрабоӣ кушта шуд. Сухангӯи СММ гуфт, ки қурбонӣ марди покистонӣ буд, ки дар қароргоҳи Кӯтчағарӣ барои Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон кор мекард. Ҳангоме, ки кӯшиши рабудани вай ба нокомӣ анҷомид, марди мусаллаҳ ба қафаси синаи ин корманди СММ чанд тир холӣ кард. Ин дуюмин ҳодисаи ҳамла болои қароргоҳи муҳоҷирони СММ дар Покистон дар панҷ моҳи охир мебошад. Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон талош дорад барои беш аз ду миллион шаҳрванди Покистон, ки дар натиҷаи амалиёти зиддишӯришиёни артиш дар водии Свот аз макони зисти худ фирор кардаанд, мусоидат кунад.
XS
SM
MD
LG