Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 168 нафар дар суқути ҳавопаймо


Маҳалли суқути ҳавопаймо дар наздикии Қазвин, 15 июли соли 2009.
Маҳалли суқути ҳавопаймо дар наздикии Қазвин, 15 июли соли 2009.

Дар суқути ҳавопаймои сохти русии Эрон, ки аз Теҳрон ба Ереван парвоз мекард, 168 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ҳавопаймои сохти русии Туполев мутталлиқ ба ширкати ҳавоии "Каспиан Эйрлайнз" аз Теҳрон ба Ереван-пойтахти Арманистон парвоз мекардааст ва дар наздикии шаҳри Қазвин сарнагун шудааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, аввал дидаанд, ки аз паси ҳавопаймо дуди ғализ мебаромад ва он баъд аз бархӯрд ба замин мунфаҷир шудааст.

Ин бадтарин фалокати ҳавопаймоҳои Эрон дар шаш соли охир аст. Сарнишинони ҳавопаймои ТУ-154м аз 153 мусофир ва 15 узви дастаи халабонону меҳмондорон иборат буд. Ширкати ҳавоии "Каспиан Эйрлайнз" корхонаи муштараки Эрон ва Русия мебошад, ки ҳавопаймоҳояш асосан тавлиди солҳои 1989-1993 буда, Русия дар соли 1996 истеҳсоли ин навъи ҳавопайморо қатъ кардааст.

Аз соли 2002 ин саввумин суқути ҳавопаймоҳои ТУ дар Эрон мебошад. Дар фалокати қаблӣ шаш сол пеш 128 нафар ба ҳалокат расида буд.

سقوط هواپيمای مسافربری در قزوين
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00
XS
SM
MD
LG