Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Арвоҳҳо" дар феҳристи гумонбарони тероризм?


Дар феҳристи гумонбарони терроризм, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид таҳия шудааст, аз 513 нафар дасти кам 38 нафарашон аз олам даргузаштаанд. Дар ин бора дирӯз Томас Майр-Хартинг, раиси кумитаи Шӯрои амнияти СММ оид ба таҳримҳо алайҳи созмони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” хабар дод. Ба гуфтаи дипломат, иттилоъ дар бораи бархе аз гумонбарон он қадар ночиз аст, ки ҳузури онҳо дар феҳрист маънӣ надорад. Майр-Хартинг афзуд, ки ин норасоиҳои феҳристи СММ ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи гумонбарон дар терроризмро душвор мегардонад.
XS
SM
MD
LG