Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иқрори афсари полис ба куштори журналисти қирғиз


Вазири умури дохилии Қирғизистон Молдомӯсо Конгантиев имрӯз гуфт, як афсари полис иқрор кард, ки рӯзноманигори маъруфро то мурдан лату кӯб кардааст. Конгантиев гуфт, ки ин афсар бо рӯзноманигор Алмос Тошиев моҷаро карда ӯро чунон лату кӯб кардааст, ки вай дар ҳолати беҳушии комил рӯзи 4 июл ба касалхона интиқол меёбад. Вай рӯзи якшанбе дар касалхонае дар шаҳри ҷанубии Новқат ҷон дод. Муовини вазири умури дохила Собирбек Қурмоналиев аз ин пеш гуфт, ки ин ҳодиса дар лаҳазоти берун аз соатҳои кории афсари полис рӯй дода ӯ ҳангоми рӯй додани ин ҳодиса бидуни либоси хизматӣ будааст. Қазияро додситонии ноҳиявӣ таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG