Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯшанфикрони чиноӣ озодкунии Тоҳтиро тақозо доранд


Беш аз 100 нависандаву рӯшанфикри чиноӣ барои озодкунии як фаъоли ҳуқуқи уйғурҳо Илҳом Тоҳтӣ даъват ба амал оварданд. Оқои Тоҳтӣ ҳафтаи гузашта аз манзилаш дар шаҳри Пекин нопадид шуд ва ҳоло тахмин зада мешавад, ки вай мавриди боздошт қарор дода шудааст. Ӯ иқтисодшинос аст, аммо солҳои охир ба ҳайси як мунаққиди шадидлаҳни сиёсати Пекин дар нисбати аққалиятҳи уйғури вилояти Шинҷон маъруфият пайдо кардааст. Вай амалкарди мақомотро дар амри саркӯби эътирозҳои уйғурҳо дар моҳи ҷорӣ, ки боиси ҳалокати 184 ва ҷароҳати 1680 нафар шудааст, шадидан танқид карда буд. Дар як номаи рӯшанфикрони чиноӣ тақозои пахши маълумот дар бораи сарнавишти Илҳом Тоҳтӣ карда мешавад.
XS
SM
MD
LG