Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Касри буҷаи ИМА ба беш аз як триллион доллар расид


Бо гузашти нӯҳ моҳ аз соли молии равон касри буҷаи Амрико барои нахустин бор беш аз 1 триллион долларро ташкил дод.
Вазорати молияи Амрико рӯзи душанбе изҳор намуд, ки моҳи июн касри буҷа 94 миллиарду 300 миллион доллар афзуда, дар маҷмӯъ ба тақрибан 1 триллиону 100 миллиард расид.
Мутахассисон сабаби аслии афзоиши касри буҷаро дар масрафҳои бесобиқаи ҳукумат барои муқобила бо бӯҳрони иқтисодиву молӣ мебинанад. Омилҳои дигар, аз нигоҳи онҳо, коҳиши чашмраси молиёт ва масрафҳо барои ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон аст.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ва вазири молияи кишвар Тимоти Гейтнер мегӯянд, ки баъди раҳоии ИМА аз буҳрони иқтисодӣ ва молӣ, касри буҷа низ коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG