Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама ба Африқо


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама аз мардуми Африқо даъват намуд, ки барои таъйини сарнавишти худ масъулияти бештар нишон диҳанд. Дар суханронии аслии худ ҳангоми боздид аз Ғано, Обама аз арзишҳои демократӣ сӯҳбат кард ва гуфт, ки мудирияти муассири давлатҳои африқоӣ бояд шоистаи кӯмакҳои Ғарб бошад. Зимни суханрониаш дар парлумон дар Акра вай гуфт, ки фасод, зулму истибдод, низоъҳо мухталиф пешрафтҳои Африқоро ба ҳам мезананд. Вай гуфт:

"Ман мардуми Африқоро аз ҷаҳон ҷудо намебинам. Африқоро ба ҳайси ҳамкори Амрико ва ба хотири ояндаи кӯдакони ҳамаи мо ҳамчун қисмати бунёдии ҷаҳони баҳамвобастаи мо мебинам".

Вай гуфт, кишвари Ғано, ки вай рӯзи шанбе аз он дидан мекард, метавонад барои дигар давлатҳои африқоӣ ба ҳайси намуна хизмат кунад. Ин нахустин боздиди расмии ин раҳбари сиёҳпӯсти Иёлоти Муттаҳида аз як давлати африқоӣ баъди сари қудрат омадани вай январи имсол мебошад.
XS
SM
MD
LG