Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намози ҷумъа дар Урумчӣ ором сипарӣ шуд


Дар бархе аз масоҷиди шаҳри Урумчӣ, маркази вилояти Шинҷон, ки он ҷо чанд рӯз қабл нооромиҳо ба вуқӯъ пайвастанд, намози ҷумъа баргузор шуд. Қаблан хабар дода мешуд, ки мақомоти Чин дар бораи бастани масоҷид дар ин шаҳр тасмим гирифтаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дарҳои масоҷид баъди он боз шуданд, ки садҳо муслимин, асосан, уйғурҳо дар канори ибодатгоҳҳо ҷамъ омаданд. Ҳанӯз маълум нест, ки мақомот тасмими қаблии худ барои бастани масоҷидро лағв кардаанд ваё масҷидҳо алайҳи ин тасмим боз карда шудаанд.
Намози ҷумъа ором сипарӣ шуд. Бар асари нооромиҳо ва саркӯбшавии тазоҳуроти чанд рӯзи пеш дар шаҳри Урумчӣ беш аз 150 нафар ба ҳалокат расиданд. Беш аз якуним ҳазор нафар, асосан, уйғурҳо боздошт шудаанд. Дар Умурчӣ қуюди шабгардӣ ҷорӣ шудааст ва хиёбонҳои шаҳр таҳти ҳифозати низомиёни кишвар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG