Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 қурбонии таркиш дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки таркиши имрӯзае дар Кобул боиси ҳалокати 25 нафар, аз ҷумла 21 мулкӣ ва чаҳор афсари полис шуд. Таркиши мазкур дар роҳи аслии пайвасткунандаи вилояти Лугар бо пойтахт, шаҳри Кобул рух дод. Дар ҳамин ҳол НАТО гуфт, ки таркиши сарироҳӣ дар ҷануби Афғонистон ду сарбози ин нирӯҳоро кушта бар ҷой гузошт. НАТО гуфт, ки ин ҳодисаи дирӯз рӯй дод.
XS
SM
MD
LG