Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти G-8 идома дорад


Имрӯз дар Итолиё нишасти сарони кишварҳои гурӯҳи G-8 дар ҳамкорӣ бо раҳбарони иқтисодҳои дар ҳоли тавсеа идома ёфт. Масоили имрӯзаи мавриди баррасӣ муқобила бо гармшавии иқлим ва тиҷорати байналмилалӣ будааст. Дар ҷараёни рӯз бояд раҳбарии ин нишастро раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ба ӯҳда гирад. Рӯзи чоршанбе раҳбарон ба тавофуқ расиданд, ки дар самти то ду дараҷаи Селсия, яъне болотар аз сатҳи лозимаи саноатӣ поин бурдани дараҷаи гармӣ талош ба харҷ медиҳанду инчунин то соли 2050 партобҳои газҳои гулхонаиро аз 50 то 80 дар сад коҳиш хоҳанд дод. Аммо бо ин вуҷуд, давлатҳои дар ҳоли тавсеа гуфтанд, то замоне, ки аз кӯмаки бештари молии давлатҳои пешрафта бархурдор нашаванд, даст ба коҳиши шадиди ин нишондодҳо зада наметавонанд. Нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ дар ин нишаст имрӯз гуфт: "Ҳамчун аъзои бомасъулияти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо ӯҳдадориҳои худро дар заминаи ҳифзу ҳимояти муҳити зисти худ дарк мекунем. Вале тағйироти иқлим наметавонад аз роҳи ҷовидонӣ кардани бенавоиву фақр дар кишварҳои дар ҳоли тавсеа ҳалли худро пайдо кунад". Интизор меравад, ки дар нишасти имрӯза ҳамчунин нақши доллари амрикоӣ низ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG