Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Исроил бояд деворҳоро бардорад


Як мақоми баландпояи СММ гуфт, ки Исроил бояд саддҳои сохтаашро дар Каронаи Ғарбӣ бардорад. Навӣ Пиллай, комиссионери СММ дар умури ҳуқуқи башар ин изҳоротро дар рӯзе пахш кард, ки аз замони аз ҷониби Додгоҳи байналмилалии адолат ҳамчун ғайриқонунӣ ва поймолкунандаи ҳуқуқи фаластиниҳо эълон шудани ин шаҳракҳо панҷ сол сипарӣ мешавад. Исроил соли 2002 дар шароити афзуншавии мавҷи таркишҳои маргталабона ба бунёди саддҳо шурӯъ кард. Фаластиниҳо ин амалро ҳамчун ғасби заминҳояшон арзёбӣ карда мегӯянд, ки мардуми онҳо аз замину моликияти худ маҳрум шуданд. Пиллей имрӯз гуфт, ки Исроил бояд ба харобкунии деворҳо шурӯъ карда хисороти ҳама осебдидаҳои ин амалро низ ҷуброн кунад. Вазорати умури хориҷии Исроил аз шарҳи ин хабар худдорӣ варзид.
XS
SM
MD
LG