Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо эъдомҳои Эронро маҳкум кард


Раёсати Иттиҳодияи Аврупо эъдомҳои ахир дар Эронро маҳкум кард. Дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар ин кишвар 20 нафар барои қочоқи маводи мухаддир ба дор кашида шуданд. Швеция, ки рӯзи чаҳоршанбеи гузашта раёсати давраии Иттиҳодияи Аврупоро аз ҷумҳурии Чех гирифт, дар эъломияе аз мақомоти Эрон хостааст, ки муҷозоти эъдомро комилан лағв кунанд ё муттаваққиф созанд. Бо назардошти ин 20 нафар шумораи афроде, ки соли ҷорӣ эъдом шуданд, ба 161 нафар расдааст. Соли 2008 ин шумора 246 нафарро ташкил медод.
XS
SM
MD
LG