Яке аз ду кормандони боздоштшудаи сафорати Бритониё дар Теҳрон бояд имрӯз озод шавад, гуфт вазири умури хориҷии ин кишвар Дейвид Милибанд. Эрон нӯҳ корманди маҳаллии сафорати Бритониёро боздошт карда онҳоро дар пуштибониву ташвиқи ошӯбҳои эътирозгарон муттаҳам кард. Намоишҳои эътирозӣ баъди он сар зад, ки мухолифин мақомотро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурии 12 июни Эрон айбдор карданд, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид. То имрӯз ҳафт корманди сафорат озод шуданд. Дар сӯҳбат бо ВВС Милибанд гуфт, ки назар ба иттилои сафир ҳашт корманди сафорат бояд бидуни иттиҳом ва муҳокимаҳои додгоҳӣ озод шаванд. Милибанд гуфт, ки ӯ бояд бо ҳамтои эрониаш роҷеъ ба мақоми боздошти корманди нӯҳуми сафорат гуфтугӯе анҷом диҳад.