Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Теҳрон ба кӯчаву хиёбонҳо баромадааст


Гузоришҳо ҳокист, ки дар Теҳрон пулиси зидди тазоҳурот ба кӯчаву хиёбонҳо баромадааст, зеро Шӯрои Нигаҳбон рӯзи душанбе Маҳмуди Аҳмадинежодро ба таври расмӣ раиси ҷумҳури Эрон эълон кардааст. Шӯрои Нигаҳбон гуфтааст, шумориши дубораи бахше аз орои интихобкунандагон шикояти мухолифони ислоҳотталабро дар бораи тақаллуб таъйид накардааст. Ислоҳталабон тақозо мекунанд, ки натиҷаҳои интихобот лағв шавад. Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, чунин ба назар мерасад, ки зимомдорони Эрон ҳанӯз ба мухолифати дохилӣ рӯ ба рӯанд.
XS
SM
MD
LG