Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама кудато дар Ҳондурасро маҳкум кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, кудатои низомӣ дар Ҳондурасро маҳкум кард ва хостори эҳёи ҳукумати қонунӣ дар ин кишвар шуд. Баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳури Колумбия Алваро Урибе дар Кохи Сафед Обама гуфт, ки Вошингтон ҳамроҳ бо Созмони кишварҳои амрикоӣ барои ба мақомаш баргаштани раисиҷумҳури барканоршудаи Ҳондурас Мануэл Зелайя талош хоҳад кард.
Интизор меравад, ки имрӯз Маҷмааи Кулли СММ вазъ дар Ҳондурасро баррасӣ кунад. Кудатои низомӣ дар ин кишвари воқеъ дар Амрикои марказӣ рӯзи якшанбе ба вуқуъ пайваст. Чанд соат қабл аз раъйпурсӣ оид ба вуруди тағйирот ба Қонуни асосӣ гурӯҳи низомиён кохи раисҷумҳур Мануэл Зелайяро муҳосира ва баъдан ӯро боздошту аз кишвар хориҷ карданд. Кафили раёсатҷумҳурӣ Роберто Мичелетти дар Ҳондурас қуюди шабгардӣ эълон кард. Зелайя айни ҳол дар Коста-Рика ба сар мебарад ва мегӯяд, ки ҳарчанд низомиён ӯро зӯран аз берун кардаанд, ӯ раиси ҷумҳури Ҳондурас боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG