Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуюди шабгардӣ дар Ҳондурас


Раиси ҷумҳурии муваққатии Ҳондурас Роберто Мичелеттӣ баъди аз қудрат барканор шудани Мануэл Зелая барои ду шаб қуюди шабгардӣ ҷорӣ кард. Дар наздикии қасри раёсатҷумҳурӣ дар Тегусигалпа, пойтахти Ҳондурас, баъди он ки артиш Зелаяи чапгароро аз қудрат барканор кард, садои тири туфанг ба гӯш мерасид. Мичелеттӣ дар муроҷиат ба мардуми Ҳондурас тавассути телевизион аз барканор шудани президент тарафдорӣ кард ва гуфт:

"Ин рӯйдодҳои мантиқӣ аст. Бигузор ҷомеаи байналмилалӣ бидонад мо коре накардем, ки ба нафаре, ки аз ҷониби мардум интихоб шудааст, осебе расонад. Мо ҳам аз ҷониби мардум интихоб шудем. Тавре бояд ҳам бошад, мо ва тамоми мардум бояд сарқонун ва қонунҳои ҷумҳуриро бояд эҳтиром кунем".

Кудатои Ҳондурас аммо бо вокунишҳои манфӣ ва маҳкумиятҳои Иттиҳодияи Аврупо, ИМА, СММ ва муттафиқони минтақаии ин кишвар, мисли Ҳуго Чавез, президенти Венесуэла рӯбарӯ шуд. Кудато баъди он рӯй дод, ки мардуми Ҳондурас барои тамдиди ҳузури Зелая дар вазифаи раҳбари давлат ба раъйдиҳӣ мерафтанд.
XS
SM
MD
LG