Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Одиерно: Ироқиҳо барои таъмини амният омодаанд


Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ, генерал Рей Одиерно изҳор намуд, ки артиш ва дигар ниҳодҳои қудратии Ироқ барои доир кардани амалиёти таъмини амният дар шаҳрҳои кишвар баъд аз хуруҷи низомиёни ИМА омодаанд. Қарор аст афсарону сарбозони амрикоӣ рӯзи 30 июн аз ҳама шаҳрҳои Ироқ берун шаванд. Генерал Одиерно дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, ки малакаи нерӯҳои амниятии Ироқ бештар мешавад ва дар кишвар сохтори идорӣ беҳбуд меёбад. Тибқи созиши миёни Вошингтон ва Бағдод ҳосилшуда, нерӯҳои амрикоӣ то охирҳои соли 2011 Ироқро комилан тарк хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG