Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар радифи давлатҳои "ноком"


Бунёди Сулҳ ва Маҷаллаи мӯътабари “Сиёсати Хориҷӣ”- Амрико бо нашри шохиси нави давлатҳои ноком (Failed Index State 2009), Тоҷикистонро дар радифи кишварҳое гузоштаанд, ки вазъи сиёсии он хатарнок маҳсуб мешавад. Дар ин шохис, ки бо назардошти 12 нишондиҳандаи иҷтимоиву иқтисодиву низомӣ ва сиёсӣ таҳия шудааст, осебпазирии кишварҳоро дар баробари муноқишаҳои дохилӣ ва шиддати иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд. Тоҷикистон дар миёни 177 кишвари ҷаҳон дар радаи сурх ва дар зинаи 37-ум ва як зина болотар аз Эрону шаш зина поёнтар аз Ӯзбакистон қарор дорад. Яке аз нишондиҳандаҳои ин шохис машрӯъияти ҳукумат аст, ки ба гуфтаи муаллифони гузориш дар Тоҷикистон дар соли 2008 коҳиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG