Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи эътирозҳо алорағми таҳдиди посдорон


Посдорони инқилоби исломии Эрон бо нашри изҳороте гуфтанд, ки нирӯҳои низомӣ ҳар гуна намоишҳои эътирозии зиддии натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳуриро дар Теҳрон саркӯб хоҳанд кард. Дар изҳороте, ки имрӯз дар сомонаи интернетии посдорон нашр шудааст, аз эътирозгарон даъват мешавад, ки ба "коршиканиву фаъолиятҳои шӯришӣ" хотима диҳанд, чунки муқовимати онҳо ҳамчун тавтеа ё нақшаи хиёнатомез зидди Эрон арзёбӣ хоҳад шуд. Изҳорот мегӯяд, ки дар сурати дубора ба хиёбонҳо рехтани эътирозгарон, онҳо бояд ба як муқовимати инқилобӣ омода шаванд. Вале тибқи хабарҳо, бо вуҷуди таҳдидҳо, имрӯз садҳо нафар дар маркази Теҳрон барои идомаи эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 12 июн, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, гирди ҳам омаданд.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои нигаҳбон, ниҳоди аслии қонунгузори Эрон эътироф кард, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ тақаллуб ҷой доштааст, вале он ба натиҷаҳои куллӣ таъсире нахоҳад дошт. Дар ҳамин ҳол вазири хориҷаи Итолиё гуфт, ки мехоҳад дар ҳамоҳангӣ бо дигар давлатҳои аврупоӣ дарҳои сафорати кишварашро дар Теҳрон ба рӯи эътирозгарони захмӣ боз кунад.
XS
SM
MD
LG