Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Посдорони инқилоб ба эътирозгарон


Посдорони инқилоби исломии Эрон бо нашри изҳороте гуфтанд, ки нирӯҳои низомӣ ҳар гуна намоишҳои эътирозии зиддии натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳуриро дар Теҳрон саркӯб хоҳанд кард. Дар изҳороте, ки имрӯз дар сомонаи интернетии посдорон нашр шудааст, аз эътирозгарон даъват мешавад, ки ба "коршиканиву фаъолиятҳои шӯришӣ" хотима диҳанд, чунки муқовимати онҳо ҳамчун тавтеа ё нақшаи хиёнатомез зидди Эрон арзёбӣ хоҳад шуд. Изҳорот мегӯяд, ки дар сурати дубора ба хиёбонҳо рехтани эътирозгарон, онҳо бояд ба як муқовимати инқилобӣ омода шаванд. Раҳбари мухолифин Мирҳусайни Мусаввӣ шаби гузашта ҳушдор дод, ки эътирозҳо аз натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 12 июн, ки бо пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷомид, идома хоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои нигаҳбон, ниҳоди аслии қонунгузори Эрон эътироф кард, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ тақаллуб ҷой доштааст, вале он ба натиҷаҳои куллӣ таъсире нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG